Семинари навбатии илмӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Имрӯз, 13 майи соли 2026 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ семинари илмии навбатӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур масъалаҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳҳои ҳалли онҳо ва нақшаҳои ояндаи кори кормандон, магистрон ва докторантҳои Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи «Коркарди ашёи хоми минералӣ»-и Институти химия ба номи В.И. Никитин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Семинар таҳти роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов бо иштироки ходимони илмӣ ва докторантони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва Институти химия ба номи В.И. Никитин сурат гирифт.
Баргузор намудани чунин семинарҳо на танҳо сатҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро баланд мебардорад, балки дониш ва малакаҳои амалии ҳар як корманд ва ходимони илмиро низ сайқал медиҳад.